ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши занону ҷавонон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ” бо хонандагони муассисаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин доир ба мавзӯъҳое, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар санаи 4 майи соли равон баргузор гардид, суханронӣ карданд.
Аз ҷумла қайд намуданд, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористон садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва ҷаҳон имрӯз барои кӯдакон ҷойи амне нест ва бояд дар хотир дошта бошем, ки мову шумо дар саргаҳи хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, интиқоли маводи мухаддир қарор дошта, хеле осебпазир мебошад.
Аз ин лиҳоз мову шумо дар саргаҳи ин паёмадҳо қарор дорем ва бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пештара дида бештар сарҷамъу муттаҳид бошем.
Инчунин, баромадкунандагон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карданд.