БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН – ЗАХИРАИ МИЛЛАТ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

ХУРОСОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Хуросон бахшида ба ҷашнгирии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо иштироки аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонони соҳаҳои касбу кори гуногун чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Пешвои муаззами миллат зимни баромадҳояшон ҷавононро қувваи пешбаранда ва созандаву бунёдкор арзёбӣ менамоянд ва мо ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат талош меварзем ва содиқонаву софдилона ба Ватани азизи худ хизмат менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg