БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

АНДЕША. Боиси шукргузорӣ, ва сарфарозии мо ҷавонони саодатманди диёр аст, ки дар остонаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Истиқлолият ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи  асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷӯяндаи сулҳу амонӣ натанҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон хоҳони зиндагии созгору некӯаҳволона аст.

Ҳар яки моро зарур аст, ки  аз хурд то бузург  бо тамоми ҳастӣ барои ояндаи миллату давлати худ дар селобаи пуртуғёни таърих  бошарафона истодагарӣ карда тавонем.

Дӯст доштани Ватан ифтихор, вале омода будан ба ҳифзи марзу буми он аз  душманони дохиливу берунӣ қарзи имонӣ ва шарафи инсонии ҳар як ҷавонмард мебошад, барои тоҷику тоҷикистонӣ андешаи истиқлол андешаи ҳақ ва ҳақпарварист.

Шиори мо ҷавонон озодӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ, суботу амният ва якдилии мардуми саросари Тоҷикистони маҳбубамон аст.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg