ПАНҶ. Оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман!” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази назорати эпидемиологӣ”-и ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳия дидан намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба якчанд нафар аз аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.