Н.ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли равон, бо мақсади дасти ёри ва хайру сахо дароз намудан ба ятимону маъюбон, камбизоату дармондагон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар мувофиқа бо роҳбари Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, даъват ба амал овард, ки ҳар як вакил ба маъюбони бистарии ҳавзаи худ вобаста ба имконияти молиявиашон дар моҳи шарифи Рамазон дасти ёрӣ дароз намоянд.
Вакили ноҳиявӣ Саидмуродова Шаҳло ба аёдати маъюби гурӯҳи якум сокини деҳаи Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлол Бобоева Нурия, ки фалаҷ буда, тамоми аъзои баданаш кор намекунад ва сокини маҳаллаи Ҳамро Олимов маъюби бистарӣ маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.