БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶЛИЛИ 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикитсон Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Сомониён ” зери унвони “Вассофи сулҳу дӯстӣ”  чорабинии фарҳангӣ баргузор  гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва Абдураҳмон Ҳасанов, роҳбари ташкилоти ибтидои ҳизбӣ  Назира Ҳайдарова  ва дигарон иштирок намуда, оид ба паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти шоир суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур бо қироъати порчаҳои шеърӣ ва суруду достон аз осори  Мирзо Турсунзода дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардида, бо саҳнае аз достони “Писари Ватан” ба анҷом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg