
КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супориши муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб техникаҳои корӣ ба кори худ шурӯъ намуданд.
Гуфта мешавад, ки раванди кор айни ҳол дар маҳаллаи “Корвонгузар”-и шаҳр бо маром идома дошта, минбаъд низ марҳила ба марҳила хонаҳои истиқоматии сокинон ва кӯчаҳои аз офати табиӣ зарардида пурра тозаю озода карда мешаванд.