БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚСИМОТИ ТАБАРИИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

ВОКУНИШ. Баъди Ғалабаи инқилоби  “Октябр’’ дар Петербург ва сарнагун сохтани давлати подшоҳии Рус бо сарварии Николайи II, Осиёи миёна, ки худ мустамликаи давлати Россияи подшоҳӣ буд ва аз ин минтақа ашёи хоми корхонаҳои бофандагию ресандагиашонро кашонида мебурданд. Армияи Николай низ дар Тошканд Генерал Губернатори худро бо роҳбарии Кофман таъсис дода, баҳри пахш намудани ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳии миллатҳои сокини Осиёи Миёна муборизаҳои муссалаҳона бурда, намегузоштанд, ки фарзандони содиқу озодихоҳи миллатҳои ҳудуди Осиёи миёна сар бардоранд. Ҳамзамон бо зӯрию нархи ночизе пахта, пашм, маҳсулотҳои кишоварзӣ, матоъҳои дастбофи қолину сангҳои қиматбаҳо ва ғайраро тавассути роҳи оҳани  Осиёи миёна ва Руссия ба марказ мефиристанд. Дар ҳақиқат мардум дар ҳолати вазнину сангини қашоқӣ умр ба сар мебурданду ду тарафа андоз месупориданд, ки ин ҳолат шароити мардумро боз вазнин намуда, дар орзуи озодии худ буданд, лекин ин орзуи онҳо танҳо баъди Инқилоби Октябр амалӣ гардид. Аммо баъди ғалабаи Инқилоби Бухоро соли 1920,  Ҳукумати револютсионии Бухоро таъсис дода шуд,  ки дар ҳайати он ҳукумат намояндагони халқҳои сокини Осиёи миёна низ шомил буданд,  ки дар давраи ташкили ҳукумати советӣ бунёди ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Шӯравӣ дар Осиёи миёна заминаҳои воқеиро фароҳам оварда, дидаю дониста ба миллати куҳантамаддуни дунё тоҷикон таъсири ниҳоят хатарборро оварданд. Зеро ки миллатҳои сукунат кунандагони Осиёи миёна, ки ба марказҳои тамаддуни тоҷикон, шаҳрҳои тарақикардаи Осиёи миёна Самарқанд ва Бухоро, Шаҳри сабз, Андиҷон, Намангон Саросиё, Марв, Термиз ва ғайраҳоро соҳиб шуда, барои миллати хеш ҷумҳурии  Шӯравии Ӯзбекистонро таъсис доданд. Мувофиқи Комиссияи марказии тақсимоти миллии Ҳудудии Марказӣ бо сардории И.В.Сталин соли 1922 Тоҷикистони кунуниро, ки дар он вақт ба ҳайати Бухорои шарқӣ, дохил мешуд, ҳамчун ҷумҳурии худмухтори автаномӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил намуданд. Дар воқеъ хоинони миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърих хело зиёданд ва то имрўз ҳастанд. Дар воқеъ баъди муборизаҳои илмию таърихӣ асосноки фарзандони фарзонаи миллат ба мисли Айнӣ, Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва чанде дигарон ҷумҳурии мустақили Шӯравии Тоҷикистон дар қисмати марзии Бухорои Шарқӣ таъсис ёфт, ки он соли 1929 мустақилияти худро ба даст даровард. Аммо дар ин тақсимоти ноадолатона муҳимияти, миллӣ, марзӣ, забон тамаддун, оин мазҳаб ва ғайраҳо ба инобат нагирифта, марзу буми онҳоро тавре, ки хостанд муайян намуданд, аммо имрўз мардуми истиқоматкунандагони мавзеҳои мушкилэҷодкунандаи байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Тоҷикистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Тоҷикистон, Тоҷикистону Хитой, Тоҷикистону Афғонистон то ба имрўз ҳалли худро наёфтаанду боиси нигаронии дуҷонибаи байни давлатҳоямон қарор доранд. Маҳз ҳамин нуқтаҳоро ба душманони миллат истифода намуда, миёни ҷавонони ноогоҳи зудбовар ҳаргуна низоҳои фаромилиро амалӣ намуда, бо ин мақсадҳои ғаразноки худро дар қисматҳои баҳсталаби байни марзу буми кишварамон амалӣ намуданианд.

Маҳз ҳамин амалро дар мисоли равшани минтақаи  «Ворух»-и ноҳияи Исфараи вилояти Суғд қайд кард, ки оқибатҳои тақсимоти  нобаробари кишвари абадқудрати Шӯравӣ мебошад, ки кишварҳои  пасошӯравӣ имрўзҳо ба мушкилиҳои миллӣ территориявӣ дучор омада истодаанд. Дар ин корҳои бетартибию беандешаи ҷавонони ноогоҳ кори ҳамон душманони миллати тоҷик, ТТЭ ҲНИ бо сардории роҳбарашон М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон даст дошта, бо ин  найранг, вазъи Тоҷикистонро ноором ва ноустувор баҳогузорӣ карда, ба ҷаҳониён нишон доданист, аммо дар ин ҷо низ муваффақ нашуданд.  

 Каримзода Пирмуҳаммад Авғон,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg