
ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати расонидани кумак дар сохтмони хонаҳои истиқоматии сокинони зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ ташриф оварданд.
Аз тарафи волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, барои бунёди хонаҳое, ки дар ноҳияи А. Ҷомӣ зарар дида буданд, дасти дароз карданд. Дар ин кори хайр волонтёрони ҳизбӣ саҳми худро гузошта, мардуми осебдида аз ин дастгириву ғамхориҳо миннатдор буда, худро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ танҳо намедонанд.