
ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №10”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар вохӯрии баргузор гардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда, қайд карданд, ки дар ҳама давру замон сиёсати ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошт ва дорад.
Дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат барои мо ҷавонон имкон медиҳад то илму дониш биёмӯзем ва ба давлату миллати худ содиқона хизмат намуда, парчамбардори сарзамини биҳиштосоямон бошем.