БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!

АНДЕША. Мо ҷавононро мебояд, ки аз ин Сарвари окилу доно, дурандеш, миллатпарвару сулҳовар ғамхору меҳрубон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта,  сипосгузор бошем ва ҳамеша барои пешравию ободии ин Ватан камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар бароварда муттаҳид шавем.  Чун, ки мо ҷавононро Пешвои миллат дар тамоми баромадҳояш таъкид менамояд, ки фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Мо ҷавонони зодаи истиқлол  ин суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, Шуморо бовар мекунонем, ки ҳамеша барои пешравии ин сарзамин ва хоку обаш лозим шавад ҷони худро дареғ намедорем. Чуноне, ки бузургон  гуфтаанд:

Ватан гуфтам ва донистам, ки оғозаш ҳамин хок аст,

Баландиҳои он болотар аз эҳсосу идрок аст.

Имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамонро бе ҷавонон ва накшгузорӣ дар ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад, зеро саҳми арзишманди мо ҷавонони зодаи истиқлол дар корҳои давлатию  ҷамъиятӣ бараъло мушоҳида мегардад. Тавре, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таӯкид менамоянд: «Имрӯз ҷомеаи кишвар ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳавуллоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад ».

Ҳамчунин мо насли ҷавони Тоҷикистонро зарур аст, ки раванди давлатсозию давлатдориро баланд бардошта дар марҳилаи кунунӣ ободсозии Ватани маҳбубамон каме ҳам бошад саҳми боризи худро гузорем, зеро фардо мо ҷавонон дар ин сарзамини аҷдодӣ зиндагӣ ба сар мебарем. «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон».

Алиҷон Асақолов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg