БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Ба Истиқлолият  расидани Тоҷикистон  дар  замоне  сурат гирифт, ки дар харитаи  сиёсии ҷаҳон ба асари фӯрупошии империяи абарқудрати  Шӯравӣ тағйироти азим ба амал омада, низоми сиёсии олам рӯй ба  дигаргунӣ овард. Имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150  кишвари ҷаҳон расман эътироф кардаанд. Тоҷикистон ба вазъияти мураккаби  сиёсии дохилӣ нигоҳ накарда, самтҳои асосии хориҷии худро дуруст муайян намуд.

Истиқлолият барои мо яке аз  муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба  ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди  бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси  тоҷик, ба хотири амалӣ намудани  армони чандинасраи  халқамон, яъне эҳёи  давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон  қайд намудаанд, ки  “Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки  мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз  бо шарофати  неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлат  бо назардошти анъанаву  суннатҳои  таърихии аҷдодонамон  ва бо  истифода аз таҷрибаи  кишварҳои  мутамаддину  пешрафта ба бунёди давлатдории  миллии худ оғоз  кардем”.

Аз ин лиҳоз, Истиқлолияти давлатии тоҷикон ин дарахти  азимеро мемонад, ки бо шарофати нигоҳубини ҳамаҷониба ва истеъмоли обу ғизоӣ саривақтӣ, сол  ба сол ба  камол мерасад, тануманд мегардад, реша давонда мустаҳакам гардид.  Барои ҷовидону сарсабз ва афзоиши меваҳои бебаҳои шаҳдбораш, марде чун фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар такопӯ ва дар талош буданд, ки то ба ин дарахт осебе нарасад ва меваҳояш хазон нагардад.

Яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзишҳои  муқаддаси оғози  даврони истиқлол, қатъи назар аз  ҳазорон ҷавонон кушта, хонаҳои  сӯзонда ва ғоратгардида, фирорӣ гардидани ҳамватанон, авҷ гирифтани қашшоқӣ, хонахаробӣ, афзудани бемориҳои марговар, занону модарони бадбахт,  бесаробону бепарастор гардидани  кӯдакон, талаю тороҷ шудани сарвати  миллию давлатӣ, харобу вайрон сохтани заводу фабрикаҳо, пулу каналҳо, деҳаҳои обод, техникаю технологияи мавҷуда, расидан ба сулҳу  субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дастовардҳои дигари даврони  Истиқлолият ин дар кӯтоҳтарин  муҳлат барқарор намудани сохти  конститутсинонӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимият мебошад. Артиши миллӣ дар  ҷои холӣ таъсис ёфт, шохаҳои  нави ҳокимият ва сохторҳои  низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз нав барпо гардид.

Сарвари давлат гаштаю баргашта изҳор доштанд, давлате, ки худашро  муҳофизат  ва  ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише  надорад.

Яке аз пойдории асосии нигоҳ доштани соҳибистиқлолии  давлати қаблӣ Конститутсия, инчунин  ҳама дастовардҳои башарият, дар иртибот ба арзишҳои  Олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон  ва шаҳрванд, ҷомеаи  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва  дунявӣ дарҷ шудааст.

Акнун ҳамчун кишвари соҳибистиқлол Конститутсия, марзу бум,  пули миллӣ, парчам, нишон, суруди миллӣ, артиши миллӣ, горди миллӣ,  забон ва маданияти кӯҳанбунёди худро  дорем. Ба мо муяссар шуд, ки  Ватани азизамонро аз вартаи  порашавӣ, миллати худро аз  нобудшавӣ наҷот диҳем, харобиҳои ҷанги бемаъниро аз байн  бубарем. Ин дастовардҳоро ба ҷумлаи  меваҳои аввалини он дарахти бузург, ки ба истиқлолаш ҳамрадиф меҳисобем, ташбеҳ додан мумкин аст. Сатҳи камбизоатӣ ба маром  паст гардид.

Мутобиқи пешниҳоди  Сарвари кишвар соли 1995 пулӣ миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда  шуд. Ин рӯйдоди хеле муҳим  дар даврони истиқлолият маҳсуб ёфта, яке аз нишонаҳои давлати  соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад,

Ва ҳарсола беҳтар гардидани дараҷаи зисту зиндагонии мардум худ ифодагари мусбии  ин андешаҳост.

Дар тӯли 30 – соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ  қадамҳои устувор гузошт.

Тоҷикистони биҳиштосои мо  соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди  миллӣ гардид.

Имрӯз  тамоми мардум ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки чӣ тавр Ҳукумати  Тоҷикистон барои сазовору шоистаи онҳо талош меварзад.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр  сиёсати давлатӣ  ва  хориҷии худро  барои ояндаҳои дуру наздик тарҳрезӣ  намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  маънавӣ пеш меравад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми кишвар, фарзандони бо нангу  номуси  миллат тавонист ба ҷомеа рӯҳу  равиши тоза бахшад,  корҳои бузурги  созандагиву бунёдкориро анҷом диҳад. Дар ҳақиқат, Истиқлолият  дар  таърихи навин  воқеаи бузург  ва беназир аст.

Маҳз бо шарофати ин неъмат ба ҳаёти осоиштаву  созанда расидем. Истиқлолият ва  неъматҳои бузурги  ӯ  маҳз бо  талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Президенти маҳбуби мо  Эмомалӣ Раҳмон дурахшонтарин чеҳрае  мебошад,  ки Тоҷикистонро бо ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар  бунёди давлати миллӣ демократӣ дар анҷумани кишварҳои  дунё  аз мақоми арҷманде бархурдор намуд.

Ин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари  кишвар чун Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти зиёд пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмиллалӣ ба ҳайси  Пешвои тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллӣ пазируфта шуд.

Роҳе, ки  тоҷикон бо ҳидояти фарзанди боору номуси  худ таи  ин солҳо тай кардааст, роҳи басо пурпечу тоб, роҳи  хатарноки шебу фароз буд. Мардуми шарафманд якто шуданд, якҷо бо ваҳдат омаданд ва бо ибтикори фарзанди ҷавонмардаш монеаҳоро бартараф карда, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро  бунёд,  заминаҳо ва василаҳои рушди  сиёсӣ ва маънавии онро  фароҳам оварданд.  

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg