БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР КИ БАД КАРД, БА РӮЗИ БАД РАСАД

ВОКУНИШ. Ҳамлаи террористие, ки чанд рӯз пештар дар мадрасаи занонаи шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рухдода,ки ҷони даҳҳо тан аз наврасдухтарону инсонҳои бегуноҳро дар арафаи иди фитр рабуд, дили миллионҳо нафар сокинони сайёраро ғешу аламнок гардонид. Ин амали ваҳшиёнаи террористони сиёҳдилу вайронкор натанҳо дарду кулфатро барои волидайни маҳрумгаштагони ҳамсоякишварамон  оварда, балки мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро низ бетафовут гузошта наметавонад. Дарду алами ин мардуми ранҷур дарду алами миллати тоҷик низ аст. Амалҳои террористиву даҳшатафкании солҳои ахири Афғонистон, ки дар натиҷа ҷони ҳазорҳо одамони бегуноҳро рабурдааст, рӯз то рӯз вусъат гирифта, таъсири бадаш минтақа ва ҷаҳонро низ фаро гирифта истодааст. Дар ин сарзамин кӯдакон ба ҷои дафтару қалам силоҳ ба даст гирифта, дар орзуи сулҳу суботи сартосарӣ ва бо шиори «Мо ҳама сулҳ мехоҳем!» роҳпаймоиҳо ташкил намуда, аз минбарҳои баланд ба ин тартиб сухан  мегӯянд. Ин ҳамлаи ногаҳонӣ барои мо ҷавонони тоҷик як ҳамлаи даҳшатбор ва андуҳгин буда, намехоҳем, ки ҳамсоякишвари мо ҳар лаҳзаву соат ба чунин ҳодисаҳои нангин дучор шаваду хуни кӯдакони бегуноҳ рехта шавад.

Аммо гӯруҳи террористии Толибон ва ДИИШ бошанд, барои сарнагун сохтани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тамоми намуди силоҳҳои худро барои озмоиш ва несту нобуд сохтани миллати афғон ва нооромии ин сарзамини аламдида кӯшишу талош менамояд. Кӯчаву гулгаштҳои ин сарзамин ва дашту биёбонҳояш чандин солҳост, ки бо хун оғушта аст.

Ман як ҷавони зодаи истиқлол аз ин амали бисёр ҳам даҳшатангези гурӯҳҳои террористӣ  бисёр андуҳгин буда, хоҳони онам, ки дар ин сарзамин зудтар сулҳи сартосарӣ биёяд ва модарону кӯдакони ин миллат зиндагии оромона дошта бошанд. Бо ин мусибате, ки имрӯз дар ин сарзамин  рух додааст, ҳамшарикем ва ба волидайни онҳое, ки дар ин воқеаи даҳшатангез пайвандонашонро аз даст додаанд, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамилро хоҳонем.

Алиҷон Асақолов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg