БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ШАҲРИТУС. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Асомуддин Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус дар ҳавзаи интихоботии №17 “Асомуддин Муродов” Бобоев Саъдӣ Хизиралиевич бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Раҳматов Н., котиби ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров Давлатов С. ва интихобкунандагони  деҳаи Асомуддин Муродов доир гардид. 

Дар Раҳматов Н. баромад намуда,  ҳайати иштироккунандагонро бо ҳозирин шинос намуда, суханро ба р Шарофзода Ҳомид дод. Ӯ ба интихобкунандагон тарҷумаи ҳоли номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус дар ҳавзаи интихоботии №17 “Асомуддин Муродов” Бобоев Саъдӣро  ба саъми  интихобкунандагон расонида, қайд намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии №17 “Асомуддин Муродов” санаи 30.05.2021 интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус ба ҷои вакили хориҷшуда барпо мегардад. Инчунин, қайд намуда, аз ҳамагон  даъват ба амал овард, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободонии деҳа тозаву озода ва рангубор намудани манзили истиқоматӣ, сангфарш ва мумфарш кардани роҳҳои байни деҳаҳо ҳама бояд саҳми худро гузоранд.

Дар охир номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус дар ҳавзаи интихоботии №17 “Асомуддин Муродов” Бобоев Саъдӣ баромад намуда, ба саволҳои додашудаи интихобкунандагон ҷавоб гардонида қайд намуд, ки баъдан низ он масъалаҳои ҳалталабро бо интихобкунандагон барои иҷро намудан амалӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg