
ҲАМАДОНӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муносибати таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо иштироки аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагонӣ ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”- ро дар кӯчаҳои шаҳраки Москва роҳандозӣ намуд.
Зимни баргузори аксияи ҳизбӣ зиёда аз 560 адад варақаҳои таблиғотӣ ба ҷавонону сокинони шаҳраки Москва дастрас карда шуда, онҳо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик карда шуданд.