БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон зимни баромад қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар айёме ҷашн гирифта мешавад, ки мову Шумо дар арафаи таҷлилӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Баъди андешарониҳо ба 15 нафар аъзои ҷавони ҲХДТ, ки дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд,  Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.

Дар оихр ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов бо суруду рақсҳои дилошуби худ хотири ҷамъомадагонро шод гардониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg