
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз бо усули “хона ба хона” бо сокинон мулоқот доир намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки дар масъалаи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, қувваи барқ бетараф набошанд. Ҳамзамон, бо сардорони оилаҳо оид ба моҳият ва аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифт” маълум дода, таъкид карданд, ки фарзандони худро барои иштирок кардан озмунҳои мазкур раҳнамоӣ намоянд.