БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ ШАРАФ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ободу зебогардонии маҳал ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30 – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон ва намояндагони Шуъбаи кишоварзии ноҳия дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Баҳманруд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки меҳнат шараф аст ва бе меҳнат касе соҳиби чизе нагаштааст. Дар баробари ин нисбати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, ки  вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад андешаронӣ карда, гуфтанд, ки ба ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg