БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚИ ТОҶИК - ХАЛҚИ СОЗАНДА

Миллати тоҷик аз даври қадим,
Ҳастиашро ба сухан бунёд кард.
З-ин киафкори бузургонаш ба завқ,
Мардуми рўи ҷаҳон аз ёд кард.

АНДЕША. Миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш мавҷудияташро дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбунёд дар рушду нумуи илмҳои ҷудогона саҳми беназир дорад. Ҳазорон ҷилд рисолаву девон ва тазкираҳои онҳо, ки мероси пурғановати моро ташкил медиҳад, ҳанӯз гулшани адаби сайёрарор зиннат медиҳад.
Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав заминаи  мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом доданд.
Анҷоми нақби «Истиқлол», оғози сохтмонҳои «Сангтӯда-1», »Сангтӯда-2», » “Роғун” ва дигар роҳҳои дохилу хориҷи кишвар далели раднопазири азми созандаи халқи мост.Албатта, ҳама ин комёбиҳои беназир танҳо ба афкори рушани абармардони ин миллати соҳибфарҳанг муяссар мегардад. Оре:

Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз рўяд шоиру шеъру пасованди
дигар.

Саъю талоши Сарвари давлат вусъат додани корҳои ободонии диёр қобили ситоиш аст. Рӯз аз рӯз беҳтар гардидани вазъи моддии марум аз ояндаи нек мужда мерасонад. Қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ барои назми ҳаёту фаъолияти сокинони кишвар равона карда шудааст.
Хушбахтона дар Конститутсия, ки рамзан шиносномаи миллат ном гирифта барои зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Ҳар сокини Тоҷикистон
барои зиндагии ибратхбахш ҳақ дорад ва касе наметатавонад ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намояд.
Эъмори давлати тозабунёд кори саҳл набуд, заҳмату ҷоннисории зиёдеро тақозо менамояд. Моҳияти истиқлолият дар он аст, ки мардум ба асли хеш баргашта, аз нав баъзе анъанаҳои бо мурури замон аз байн рафтаро зинда мегардонад.
Таъмини ҳастии миллат дар ин замони пуртазод кори ниҳоят душвор аст. Пас ҳар шахси ватандӯст муваззаф аст, ки барои ободии ватани хеш талош намояд ва муқаддасоти меҳанашро азиз бидонад.

 Зеро:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон беҳтар.

С. Ғуломов, муовини раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Хуросон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg