БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳамбастагию муттаҳидӣ бо амалҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебарем

КӮЛОБ. Дар раванди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҳсуб ёфта, Кумитаи иҷроияи дар шаҳри Кӯлоб доир ба ин масоил бо мақсади огоҳонидан пайваста бо мардум нишасту мулоқотҳо доир менамояд.

Бо дарки ин масъулият дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии коммуналӣ” маҷлис баргузор гардид.

Нахуст, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии коммуналӣ” Қурбонов Ҳикматулло иштирок ва баромад намуданд.

Валиева Саъбагул зимни суханронӣ гуфт, ки бо мақсади фаҳмондадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва суханрониҳои хеш таъкиду ҳушдор месозанд. Аз таъкидҳои Сарвари давлат бармеояд, ки стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар охир гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он пайваста иқдомҳои назаррас менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg