Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда истодаанд.
Ин навбат масъулин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Наврӯз хонаҳои сокинони деҳаҳо ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқониро санҷида баромада бо сокинон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Ҳамчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқии ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза сокинон бояд кишти такрории зироатҳоро ба роҳ монда, захираи маводи хӯрокаро афзун намоянд то ин ки аз норасогии маводи ғизои танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашанд.