Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроия бо дастгири аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», ихтиёриён дар дар маркази ноҳия Аксияи «Тозагии маҳал»-ро бо иштироки ҷавонону наврасони ноҳия баргузор намуда ҷӯйборҳои обгузар ва кӯчаҳои марказии ҷамоати шаҳраки Баҳорро аз партовҳо тоза карданд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат ба ҷавонон муроҷиат намуда қайд карданд, ки ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти Пешвои миллат пайваста баҳравар ҳастанд. Аз ин лиҳоз ҳар як ҷавонони бедордилро зарур аст, тамоми кӯшишу ғайрати худро дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани азизи худ сафарбар намояд.