БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ  Саймуминзода Фирӯз Саймумин  бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” мизи мудаввар  зери унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат” баргузор гардид.

Қисми асосии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва  саҳми арзандаи ҷавонон дар инкишоф ва рушди давлатамон назаррас мебошад.

Дар ин росто аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд,  дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо зиракию ҳушёрии сиёсӣ пайваста саҳмгузор бошанд ва  дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман!” иштирок намуда, ба ин васила донишу малакаи худро такмил диҳанд ва нуфузу эътибори худ, муассиса ва волидайнро дар назди ҷомеа баланд бардоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg