КӮЛОБ. Аз ҷониби Шуъбаи карантини милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 20 хонаи истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи “Содиқов”-и шаҳр пурра безарар гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки раванди кор минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила хонаҳои истиқоматии аз офати табиӣ зарардидагон пурра безарар гардонида мешавад.