ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Ҷангал” вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб вобаста ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, афзуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Хатари экстремизм ва терроризм оҳиста-оҳиста мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар ба ҷомеа зарари худро мерасонад. Ин мубориза бояд ба муборизаи бузурги умумимиллӣ табдил дода шавад. Тамоми аҳли ҷомеа ва ҷавонон муттаҳид шаванд. Иҷрои чунин амал на танҳо наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ, аҳли хонавода ва зану фарзанди ҳар яки моро таъмин менамояд.