БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суханронии Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии кишвар ба мардуми кишвар илҳоми тоза бахшид

ЁВОН. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Чормағзаки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа, имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд.

Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Маҳмадрасул дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ намуданд.

Дар охир раиси деҳа Р. Зокиров, муллои деҳа А. Акрамов суханронӣ намуда, иттминон доштанд, ки  тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон мамоният иҷро менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg