КӮЛОБ. Аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис дар партави сиёсати башардӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ заррадида 50 дона кулча ва 100 дона нон кумаки ғизоӣ расонида шуд.
Мавсуф зикр намуд, ки чунин иқдому тадбирҳои нек минбаъд низ идома ёфта, оилаҳои аз офати табиӣ зарардида пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони ҳизбӣ қарор доранд.