БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ ХОИНИ МИЛЛАТ ВА ИҒВОГАРИ ВАТАНФУРӮШ МЕБОШАД

ВОКУНИШ. Чи тавре мо медонем рӯзҳои охир дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ саркардаи ТЭТ наҳзатиҳо, хоини миллат М.Кабирӣ оиди давлат ва Пешвои миллати мо ҳар гуна суханҳои нораво гуфта истодааст, хусусан дар замоне, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон атрофи Қаҳрамони миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ҳамдилии худро ба мардуми Ворух баён менамоянд, ин ватанфурӯш аз ҳамин лаҳза истифода бурда ба ҷои дастгирӣ сангпартоӣ мекунад. Ин иғвогар аз хоҷагони хориҷии худ хоҳиш кардааст, ки давлати тоҷикон ва Пешвои онро эътироф накунанд, ки ин суханҳои Кабирӣ асоси воқеӣ надошта, қобили қабули мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ намебошад.

Чунки Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро халқ Пешвои худ дониста, дар тамоми давлатҳои ҷаҳон мешиносанд ва ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон эътироф мекунанд. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба феҳрасти 500 мусулмонони бонуфузи ҷаҳон дохил карда шудааст.

Пешвои миллати моро натанҳо зиёда аз 9 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони рӯи олам, аз он ҷумла тоҷикони ҶИЭ, ҶИА эътироф мекунанд ва Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон мешуморанд.Чи хеле, ки мо медонем ягон кишвар ба маслиҳати М.Кабирӣ барин хоин, барои қабули қарор эҳтиёҷ надорад зеро шахсе, ки ба миллату ватани худ хоинӣ ва ифротгароӣ кардааст, пас маълум аст, ки ба дигарон ҳам карда метавонад.Эмомалӣ Раҳмон дар дунё Асосгузори сулҳи давлати Тоҷикистон шинохта шудааст.

Дар ҳамин маврид як донишманди афғоне гуфтааст, “Афғонистонро аз Тоҷикистон танҳо як дарё ҷудо мекунад, дар ҳарду тараф як фазо, як хел обу ҳаво, як забон ва ҳарду миллат дорои фарҳанги ягона мебошанд, аммо дар Афғонистон пайваста ҷангу хунрезӣ, куштору қатл, фаҳшу ваҳшоният ва муриши одамони бегуноҳ идома дорад, лекин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат сарҷамъ буда, ҳар рӯз корҳои ободонӣ, созандагӣ, гулгулшукуфоӣ ва дар ҳоли пешрафт қарор доранд, чунки халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат дорад, ки тавонистааст бо ақлу заковати баланди худ миллати тоҷикро сарҷамъ карда, ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Афсӯс дар Афғонистон шахсе ба мисли фазанди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон то ҳол пайдо нагардидааст, то миллати афғонро сарҷамъ намуда ба ҷангу хунрезиҳо хотима бахшад.”

Ҳатто собиқ дабири кулли СММ, Коффе Анан иброз намудааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори шинохта буда, таҷрибаи сулҳофаринии ин шахсияти бузург, барои дигар халқиятҳо намунаи ибрат мебошад”.

Имрӯз вақте ки шахс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунад бо чашми худ мебинад, ки чи тавр ин меҳан ободу зебо, мардумаш дар амну субот зиндагӣ карда рӯз аз рӯз пешравию дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон рӯй дода истодааст.

Халқи Тоҷикистон чунин Пешвои одилу тавоное дорад, ки хизматҳои ин шахси бузург ҳазорсолаҳо фаромӯш намешаванд ва дар таърихи навини давлати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми қарни гузашта аз ҷангу хунрезӣ раҳо намуда, мардуми шарифи онро ба зиндагии орому осуда муваффақ гардониданд. Имрӯз метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳо пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолияту заҳматҳои шабонарӯзӣ ва кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд мебошад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки тоҷикон ва тоҷикистониёнро ҳамчун миллати бофарҳанг, дорои таърихи бузурги бесобиқа ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дастовардҳои назаррас ва таҳкими ҷомеаи воқеан демократӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки дар атрофи худ миллати тоҷикро сарҷамъ карда, ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ободии ватан камари ҳиммат банданд ва Пешвои миллат тавонистанд ба ҳамаи ин пешравиҳо комёб гарданд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷиконро меомӯзанд, дар Конфронсҳои Созмони Миллали Муттаҳид, тамоми иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд. Хусусан пешниҳод ва иқдомҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оби ошомиданӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи пиряхҳои ҷаҳонӣ ва муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм боиси дастгирии тамоми аҳолии сайёра гардидаанд.

Аз инҷост, ки аҳолии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз хурд то бузург наҷотбахши миллат, поягузори давлати навин ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон меҳисобанд.

Яъне Пешвои миллат ҳамеша бо мост ва ифтихори мост.

Зоиров Саймухтор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg