БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2020 – 2040 - БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

АНДЕША. Омили  асосии рушду нумӯи рӯзафзуни иқтисодӣ ва беҳшавии рӯзгори мардуми кишварҳои мутараққии дунёро коршиносон ба болоравии фарҳанги техникӣ ва вусъати технологияи навинашон нисбат додаанд, ки бешак дуруст аст. Роҷеъ ба ин мавзӯъ “Тамоми асри 21 – ро чун асри техника эътироф намуда ва талош дорем, ки дар ихтирооте дар ин ҷода муваффақ шавем. То имрӯз диққати мардуми мо бештар ба фанҳои гуманитарӣ равона шуда буд. Вале мебинем, ки тафаккури гуманитарӣ наметавонад моро аз бӯҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба сиёсату иҷтимоиёт раҳо созад. Фанҳои гуманитарӣ ва даққиқ бо ҳам пайвастагӣ дошта, такмил додану  аз худ кардани онҳо барои инкишофи тафаккур зарур аст. Агар ин фанҳо сатҳӣ омӯхта шаванд, тай намудани зинаҳои инкишофи тафаккур, яъне мустақилият, қобилияти фикрронӣ, таҳлилу хулосабарорӣ карда тавонистан ва ҷасорати баёни андешаҳои  иқтисодӣ карда тавонистан ва ҷасорати баёни андешаҳои иқтисодӣ мушкил мегардад. Болоравии сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди истеҳсолоти давлатҳои Аврупо маҳз азхудкунии ҳамин зинаҳои инкишофи тафаккурро таъмин намудааст. Хуб аст, ки имрӯз сари мавзӯи ҷаҳонишавӣ андеша мекунем ва дар фикри ҳамқадами замон будан ҳастем.

Таърихи халқи тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки бо пешрафти илму  техника ва технология, инчунин бо таҳаввулоти ҳаррӯзаи он ҳамқадам бошем. Фанҳои дақиқ тамоюли асосии омӯзиши таълимгоҳ буда, дар радифи он фанҳои гуманитарӣ низ ба донишандӯзон омӯзонда мешавад, “Мактаб заминагузори асосӣ дар гирифтани дониши техникӣ мебошад ва мактаббача аввалин маълумоти амиқро дар бораи техника ва технология бо омӯзиш ва ёрии фанҳои  даққиқ пайдо мекунад. Дар ҳолати баланд шудани  сатҳи саводнокӣ ва инкишофёбии дониши техникӣ ҷараёни фикрронӣ водораш месозад, ки ихтироотеро ба вуҷуд орад ва ё ақаллан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба техника ва технология танқисӣ надошта бошад. Аз ин рӯ, ба хотири рушд ва инкишофи фарҳанги техникӣ имрӯз зарурати бунёди маркази инкишофи стратегӣ пеш омадааст. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи рушди илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Бо ҷорӣ шудани соатҳои зиёди омӯзиши фанҳои дақиқ, якбора ба комёбиҳо ноил шуда ва баландшавии сатҳи дониши техникӣ афзоиш ёфтааст.

Ин мавзӯъ баҳси доманадорро тақозо мекунад, зеро андешаҳо бояд бо мукаммалгардонии дониши техникии худ ҳамқадами замон бошем ва бо ихтирооти технологияву инкишофи соҳаи иқтисод дар пешрафти кишвар ва пайвастани он бо ҷаҳони мутараққиву мутамаддин саҳм гузорем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg