ВАХШ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва инчунин барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон дарси навбатии курси омӯзишии «Созандагони Ватан» дар ноҳия, баргузор шуд.
Дарси навбатиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Илҳом Даминов кушода, дар мавзӯи «Фаъолияти волонтёрӣ: мактаби рушд ва худтакмилдиҳӣ » андешаронӣ кард.
Шунавандагони доимии курси мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия мебошанд, ки бо як дарки баланд дар дарсҳо фаъолона иштирок намуда, аз дарсҳои мазкур ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.