АНДЕША. Ҷавонон қишри асосӣ ва фаъолноктарини ҷомеа буда, нақши онҳо дар бунёди имрӯзу ояндаи давлат басо муҳим ва калон аст. Маҳз тавассути қувваю иқтидори онҳо тамоми ҷабҳаҳои давлат бештар рушду нумуъ карда, зиндагии мардум гул-гулшукуфон мегардад. Ҷавонон ҳастанд, ки кишвари худро аз тамоми бахшҳо, чи дар илму техника ва технология, чи дар варзиш, чи дар соҳаи саноат ва ғайра ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Аз ин рӯ, обруву манзалати ҷавонон дар кишвар рӯз аз рӯз боло рафта истодааст.
Ин аст, ки Пешвои муаззами мо ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, барои такмили завқу дониш, маҳорат ва истеъдоди эшон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Тавре ки мо ҳамарӯза аз ВАО мушоҳида менамоем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон ғамхории самимонаи хешро нишон дода, барои ҳалли масоили марбут ба ҷавонон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, тамоми чораву тадбирҳои самаранокро баҳри аз байн бурдани камбудиҳои рӯи роҳи онҳо пешомада меандешанд ва намегузоранд, ки мо-ҷавонон ба мушкилиҳо дучор оем ва ноумед гардем. Дар баробари ин ҷавонон бояд ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳои Роҳбари давлат боз ҳам ҷаҳду талоши бештар ба харҷ дода, ба навовариву дастовардҳо дар кулли соҳаҳо ноил гарданд, ифтихору номбардори сарзамини хеш бошанд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23-май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо тантанаи хос таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзи ҷашнвора ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон қабои зебои идона ба бар карда, бо шиору овезаҳои ҷавонӣ роҳпаймоӣ менамоянд, ба сайругашт мебароянд, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир менамоянд ва аз дунёи ҷавонӣ лаззат мебаранд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамватанони азиз ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ ва бурдбориҳоро дар зиндагиву фаъолияти минбаъдаашон таманно менамоям. Ҷашн муборак, ҷавонони гиромиқадр!
Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон