БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД!

АНДЕША. Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.Фаъолияти меҳнатии мову шумо ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва саҳмгузорӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон равона шудааст ва ин амал аз ҳар яки мо, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаамон гузошташуда масъулияти баландро тақозо менамояд. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар  зиндагӣ    пайдо намоянд.              
    Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлолият тамоми сокинони Тоҷикистони азиз ва дар симои онҳо ҳамаи ҷавонони тоҷики ҷаҳонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоям.

Мардонова Сайёра, сармутахассиси  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg