Ш.ШОҲИН. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб байни синфҳои болоӣ чорабинии варзишии шашкаву шоҳмот баргузор карда шуд.
Ҷавонону наврасон бо як руҳияи болида ва дили гарм ба ояндабинии неки мамлакат байни ҳам сабқат намуда, маҳорати худро дар ин бозиҳои шавқовари варзишӣ нишон доданд.
Дар натиҷа 9 нафар ғолибон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи ичроия сафароз гардиданд.