БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ДОИРАИ ОМОДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

А.ҶОМӢ. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти раёсати Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо мақсади таҳлили корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои навбатии масъулин, ҷиҳати амалии корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳрак» вакилони ҷамоат, раисони маҳалла, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва соҳибкорони муваффақи қаламрави ҷамоати мазкур ситоди корӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории ситоди мазкур, ҷиҳати рафти таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти №927, аз 14.06.2018 сол «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон №140, аз 08.06.2018, «Дар бораи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, барои ба тартиб даровардан, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо, роҳравҳо, майдончаҳои варзишӣ, рангу бор намудани дару деворҳои хонаҳои истиқоматӣ, ба анҷом расонидани дастуру супоришҳои аъзои кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон, аз ҳамаи роҳбарон, вакилон масъулин ва соҳибкорони муваффақи қаламрави ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ шунидаву пурсида шуда, аз ҳисоби кормандони ҷамоати шаҳрак, вакилон, раисони маҳаллаҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда барои ҳарчи таъҷилӣ бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg