БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН БА МАНФИАТ АСТ

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун,  вохӯриро оид ба истифодаи самараноки заминҳо дар муассисаи таълимии №14 доир намуд. Дар раванди баргузории вохӯрӣ, масъулин аз заминҳои корами назди муассисаи таълимӣ дидан карданд.

Дар рафти вохӯрӣ маълум гашт, ки масоҳати умумии замини назди муассисаи таълими  №14   0,25 гарро ташкил дода, дар ҳамаи он кишту парвариши зироатҳо, аз қабили картошта, лӯбиёгиҳо ва дарахтони мевадиҳандаи шафтолу ва зардолу ба роҳ монда шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дошта, меҳнаткашон умед доранд, ки ҳосили хуб ба даст оранд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як қисми ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ барои таъминоти ошхонаи муассиса ва қисми дигар барои шахсони камбизоат, ки дар муассисаи таълимӣ кор ва фаъолият менамоянд, равона карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg