БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД

Ҷавонон ва наврасон ояндаи миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон” эълон намуданд. Аксарияти аҳолии Точикистонро ҷавонон ташкил намуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

АНДЕША. Бо саъю кӯшишҳои ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватанамон, ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаи миллати тоҷик ҳамеша диққати ҷиддӣ дода мешавад. Рушду нумӯи ояндаи Ватану миллат дар дасти ҷавонони соҳибфикру созанда хоҳад буд. Барои сазовор гаштан ба ояндаи нек ҷавононро зарур аст, ки донишҳои худро дар самти касбу ҳунарҳои муосир қавӣ гардонанд.

Ҷавонон ячейкаи  ҷудонашавандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон ҳамчун пайвандгари таърихи маънавиёти аҷдодӣ, ҳастии имрӯза ва фардои ободи миллат мебошанд. Навгонӣ - хусусияти намоён ва пурзӯри ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҷаҳишҳои калони сиёсиву иқтисодӣ дар тараққиёти инсоният ба ҳамин хусусияти ҷавонон вобаста мебошад. Ҳастии ҷавонон ҳассос мебошад ва доимо дар зиддиятҳо қарор дорад, ки онҳоро ба офариниши нав водор месозад. Айнан ҳамин хусусияти ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, бунёдкор ва навовар қадр карда мешавад. Пас ибораи «ҷавонон ояндаи миллатанд» гуфтан, бешубҳа, асоси худро дорад.

Ҷавонони тоҷик имрӯз аз раванди илму техника ва технологияҳо, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошанд, ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Бинобар ин раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, мавқеи Тоҷикистон дар он муайян гардидааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, баҳри поянда доштани миллат дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ҷавонон парчамбардор ва муаррифгари Ватан мебошанд.

Одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми тоҷик ҳамеша, дар ҳар давру замон ҳамчун арзиши олӣ ба насли оянда, яъне ҷавонон мерос гузошта мешуд.

Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд ин илму дониши хуб мебошад. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад.

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ дар байни бархе аз наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутассифона, ин падидаи номатлуб ҷомеаро ба изтироб меорад. Паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба худи ҷавонон мансуб донистан хато мебошад, ин равандро ягона дар муттаҳид намудани саъю кӯшиши ҷомеа ва диққати ҷиддӣ дар тарбияи ҷавонон ва ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дуруст дида мешавад.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳо аз беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Гарчанде, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Бинобар ҳамин, Ҳукумати Тоҷикистон ба сарчашмаи ҷомеа яъне оила, алалхусус тарбияи падару модарон ва ҷавобгарии онҳо нисбати фарзандони худ диққати ҷиддӣ дода истодааст. Ҳуқуқ ва озодии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар маркази эътибори давлат қарор дорад.

Таъмини тарбияи кӯдакон, таҳсил дар мактаб ва омӯзиши касбу ҳунар масъалаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҷавобгар донистани падару модар, тарбиятгарон ва омӯзгорон дар назди ҳар як насли тоҷик беҳуда муайян карда нашудааст. Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории арзанда барои татбиқи орзуҳои худ пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавонони дилсарду ноумед умедвори ояндаи нек гардида метавонад? Бале, мушкилиҳои ҷавонон то ҳол хеле зиёданд. Таъмин ва дастрас намудан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як яъзои ҷомеа ва рушди миллат аст. Албатта, дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва давлат имрӯз чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё карда истодааст.

Ҷавононро мебояд, ки дар ин самт тамоми қувва, ақлу заковат ва лаёқати худро зоҳир намоянд, то ки ҳамчун фарзанди арзандаи миллати тоҷик содиқ ва фархунда гарданд. Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор месозад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии якҷояи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро барои беҳдошти вазъи ҷавонон, ки фардои миллат танҳо аз ин нерӯи бузург вобастагӣ дорад, тараққӣ диҳем.

Он ҷавононе, ки ба илму маърифат рӯ меорандмавқеи худро дар ҷомеа зуд меёбанд. Ҷомеа низ ба ин гуна ҷавонони қавиирода, соҳибҳунар ва навовар ниёз дорад. Ҷавонони дорои илму ҳунари комилдошта муаррификунандаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳони муосир хоҳанд буд.

А. Назаров,  мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Хуросон    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg