ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати деҳоти Нури Вахш»-и ноҳияи Дӯстӣ вохӯриии Намояндагони Кумитаи иҷроияи хизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯри гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроия бо кормандони ташкилоти ибтидоиии ҳизбӣ оиди мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо бо аҳли зиёи кишвар доир гардонида буд ва инчунин оиди истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ суханрони намуда, суҳбати худро баргузор намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳуснигул Одиназода қайд намуданд, ки моро мебояд, ки баҳри ободию зебоии Ватани хеш ҳамеша камари ҳиммат баста ва дорои масъулияти баланд бошем. 21 сол мешавад, ки Тоҷикистон, ватани азизу маҳбуби мо зери парчами сулҳу субот, ягонагиву якдигарфаҳмӣ, сӯи фардои неку дурахшон қадам мегузораду муваффаққиятҳои нав ба навро мардум ноил мегарданд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ҳамеша шукронаи Сулҳу Ваҳдат ва Истиқлоиятро дошта бошем.