ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз бо усули “хона ба хона” бо сокинон мулоқот доир намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки дар масъалаи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ бетараф набошанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Ҳамзамон, бо сардорони оилаҳо оид ба моҳият ва аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифт” маълумот доданд.