БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ: ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА МЕХАНИЗМИ ПЕШГИРИИ ОН

АНДЕША. Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотинӣ "террор" баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳакқиқонро ба замони атиқа марбут медонанд. (У.Пакер), гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ   медонанд. (И.Александр). Таърихнигори фаронсавӣ М.Феро  терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонанд. Н.Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба даври пас аз ислоҳоти Наполеон вобаста медонад. А.А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ  дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ- фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳо барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломӣ, ки ба андешаи онҳо ба ном исломиянд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан хушунати экстремизм  ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Ислом дини муқаддас аст ва ҳамеша ба дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мубориза ба зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм  "Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020"-ро тасдиқ кард, ки дар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ кор пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр  намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошт ва имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлати мо табдил ёфтааст. Мавзeи мазкурро таҳлил намуда, ба масъалаи дигар рӯ ба рӯ мегардем, ки имрӯзҳо дар доираи матбуоти даврии Ғарб ба таври васеъ дар мавриди бо ҳам  шарик будани дини ислом ва амалиёти экстремистӣ-террористӣ менависанд. Инчунин, сурат гирифтани ҳолат, аслан амали тарғиботи ғаразноки  давлатҳои Ғарб нисбати арзишҳои дини ислом буда, торафт боиси нооромӣ ва норозигии аҳолии давлатҳои исломӣ гардида истодааст, ки аксарияти онҳо аз дини ислом пайравӣ намуда, бо расму суннат ва фарҳанги ислом ҳамқаринанд  Барои пойдории сулҳу субот оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон, фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм дар замири ҷавонон тарбият кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ мебошад. Ҳар як инсон, аз он ҷумла ҷавонону  наврасон, бояд  ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти кишварамонро ҳаматарафа қадр намоянд ва ба арзишхои муқаддаси миллиамон  арҷ гузоранд.

Ҳошимов Тоҳир,  мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg