БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ЗАРАРДИДАГОН МОЯИ САРБАЛАНДӢ ВА АҶРУ ПОДОШИ ЗИЁД АСТ

ВОСЕЪ. Дар фармудаҳои ниёгон ва аҳли адаб омадааст, ки гӯшаи вайронаеро обод намудан, ба афтодае дасти мадад дароз кардан, гуруснаеро нон додан ва ҳоҷати муҳтоҷеро баровардан нишонаи имондориву футувват ва бузургӣ мебошад.

Ва ин гуна шахсон дар ноҳияи Восеъ хеле зиёд ҳастанд. Яке аз онҳо роҳбари гурӯҳи вакили ҳизбӣ дар Маҷлиси вакидони халқи ноҳия  Ғафоров Саидумар мебошад, ки ба зарардидагони офати табиӣ, ки санаи 11.05.2021 ба амал омада буд, барои бартарафсозии оқибатҳои офат  як тонна семент кумак расонид.

Аз ин дастгирии Ғафоров Саидумар сокинон хеле шод гашта, миннатдории худро ба ҳамаи кумаккардагон ва шахсоне, ки дар мусибат дар бари онҳо буданд, расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg