БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТТАҲИДИИ ҲИЗБИЁН ДАР БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТИ СЕЛ

АНДЕША. Мо аъзои ҲХДТ ҳамеша баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, дар ҳама вазъият бо мардум будани худро нишон медиҳем. Ҳамагон бохабаранд, ки боришоти сели борони моҳи май дар як қатор минтақаҳои кишвар хисороти зиёдеро ба бор овард. Бештари шаҳрвандон аз ин офати табиӣ зарарҳои гуногун дида, ҳатто боиси фавти баъзан нафарон гардид.

Офати табиӣ ба ҳамагон маъулм аст, ки ҳатто дар давлатҳои ба мо ҳамсоя низ зарари худро расонид. Мо аъзои ҲХДТ, ҷонибдорон дар ин рӯзҳо баҳри расонидани кумак бо мардуми офатзада будем ва мувофиқи имкон саҳми худро дар бартараф кардани оқибати сел гузоштем. Офати табиӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, А.Авазов ва Х.Раҷабов зарари худро расонид. Мувофиқи маълумотҳои ба дастомада дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 150 хона зарар дид. Ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ин рӯзҳо ба мардуми осебрасида кумаки амалии худро расониданд. Тамоми иҷрои корҳо дар саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Восеъ дар “фейсбук” инъкос ёфтанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои расонидани кумаки молию пулӣ, аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро ҷалб намуд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба се хонаи аз офати табиӣ зарардида маводи хӯрокворӣ расонида шуд. Инчунин, ба шаҳрванд Сафаров С, ки аз офати табиӣ иншооти ёрирасон  ва деворҳои иҳотавиаш зиён дида буд, 200 адад хиштҳои сементӣ, маводи сӯзишворӣ ва маблағ кумак карда шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азизов Саймухтор, Ғафоров Сайдумар, Юсупов Сайфулло, Орифзода Муњаммад, Сафар Њафиза Разоќ, Тавакалов Сайраҳмон, Ҳукматуллоев Қурбон, Тағоева Меҳринисо, Шайхзода Фаридун ва дигарон саҳми худро дар бартараф намудани оқибати сел гузоштанд. Ҳамчунин саховатмандон ва нафарони имкониятдошта ба сокинони зарардида маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар расониданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида орд, равған ва биринҷ дода шуд.

Имрӯз барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва дастгирии ҳамаи қишри ҷомеа тамоми чораҳо андешида мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҳолат барои дастгирии шаҳрвандон чораҳои дахлдорро меандешад. Ҳатто саховатмандон низ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро дар дастгирии мардуми ниёзманд мегузоранд.  

Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg