БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Тоҷикистон яке аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад.

Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷонони Тоҷмкистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ мешаванд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолони онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буданд.
Ин иқдоми наҷиб ҷавонони кишвари моро ба фаъолияти бештар ва иқдомоти шоиста баҳри рушду нумӯи Ватани худ таҳрик дод, ки аз оғози соли 2017 то инҷониб дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваст. Зеро таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ҳар яки онҳоро водор менамуд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани худ саъю талоши бештар намоянд. Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми декабри соли 2016 зикр гардида буд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Ҳамин аст, ки ҳоло ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар сафи пеши ҷамъият қарор доранд. Бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри Ватани худ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд. Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаву саиди миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҷавон иқдом гирифтаанд, ки дар рушду ободонии гӯшаҳои диёр саҳми босазо гузоранд. Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дорем дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони баору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳҳо тан сокинон ҷойҳои корӣ фароҳам мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар баробари илму донишандӯзӣ ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ насли ҷавонро дар ҳайати маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ низ мебинем. Дар сафи чунин маҳфилҳои сатҳи ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷавононро мебинем, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аз ин лиҳоз, дар арафаи Рӯзи ҷавонон ҳар яки фарзандони барӯманди Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барои кору пайкори ояндаашон дар роҳи пуршарафи хизмат ба Ватан-Модар муваффақиятҳои беназир таманно дорем!

С. Ғуломов,  муовини раиси КИ ЊХДТ дар ноњияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg