Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Оташ аз нолаи мурғони ҳарам гиру бисӯз,
Ошёне, ки ниҳодӣ ба ниҳоли дигарон.
АНДЕША. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд.
Дар доираи сиёсати ватандӯстона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ барои ғани гардонидани тафаккури маънавии насли ҷавон дар кишвар садҳо муассисаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии замонавию ҳозиразамон бунёд гардида, бо беҳтарин таҷҳизотҳо ва шароити арзанда муҳайё мебошанд. Ҷавононро мебояд аз имкониятҳои мавҷуда васеъ ва самаранок истифода намоянд, зеро даврони ҷавонӣ ба мисли дарёи равон гузарон асту бебозгашт. Ҷавононро зарур аст, ки аз Пешвои муаззами хеш пайравӣ ва ифтихор намоянд, зеро мо хушбахттарин ва баландтолеътарин ҷавонони даврони хеш ҳастем, ки мавқеу манзалатамон аз ҷониби Сарвараи давлат ва Ҳукумати кишвар эътироф мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар давлату миллате, ки рушд кардааст ва аё дар ҳолати рушд қарор додрад, ҳатман давлати ояндадор аст, зеро соҳибқудратии ҷавононашро эътироф намуда, қудрати бузурги онҳоро сӯйи ояндасозӣ раҳнамоӣ менамояд.
Месазад, ки дарин ҷода ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд. Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷавноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва иҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Поянда бод нерӯи ҷавонони Тоҷикистон!
Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон