ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намуданӣ мавҷудиятӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” ҷамоати шаҳраки Панҷ дидан намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба якчанд нафар аз аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.