БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДАР МАСИРИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТСОЗИИ НАВИНИ ТОҶИКОН НИҲОЯТ БУЗУРГ АСТ

АНДЕША. Мусаллам аст, ки ҳамасола 23- май  шурӯъ аз даҳсолаи аввали даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикситон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Сол то сол, зина ба зина ҷавонони Тоҷикистон бо ба даст овардани илму  донишҳои замони муосир ва комёбиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа  таҳавуллотҳои рангинеро дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба бор оварда истодаанд.

Ҷавонон  дар масири давлату давлатсозии навини тоҷик дар соҳаҳои мухталиф    кору фаъолияти назаррас намуда, ҳатто ба натичаҳои баландттарин ноил гардида истодаанд,ки шоистаи таҳсину офаринҳост.

Ҷавонон беш аз 70 фисади шумораи аҳолии кишварро ташкил дода, қувваи солими дар ҷодаи ояндасозии давлату миллати навини тоҷикон маҳсуб меёбанд.

Ҷараёни афзоишёбии қудратталабии давлатҳои бузурги сайёра барои ғасб ва васеъ гардонидани нуфузи хеш дар байни давлатҳои  рӯ ба инкишоф ва ақибмонда баҳри  манфиат бурдан ва таъсири бади он ба давлатҳои дуру наздики минтақаву   ҷаҳон мо ҷавононро ба муттаҳидӣ  ва заковатмандиву ҳушмандӣ водор месозад. Зеро мо аллакай аз бозиҳои пасипардагии абарқудратҳо ҷиҳати манфиат бурдан дар давлатҳои аврупоӣ, африқоӣ ва Ховари миёна тавассути гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ хуб огаҳӣ дорем. Ин ҳама ҷангу таркишҳои солҳои охир, ки дар ҳар гӯшаву канори  сайёра рухдода мо ҷавонони худогоҳу хештаншиносро ба илмомӯзиву  муттаҳидӣ дар атрофи Сарвари хирадманду оқили хеш буданро  талқин месозад. Моро ба он водор месозад,  ки бо амалҳои неки инсонии худ ибрати насли наврасу дигарон бошем.

Ғамхории давлату ҳукумати кишвар нисбати насли ояндасоз  дар он зоҳир мегардад, ки махсусан барои мо ҷавонон як рӯз ҳамчун ид ҷудо гардида, дар саросари мамлакат ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Амну осиштагиат поянда бод, Тоҷикистон соҳибистиқлол!

Малоҳат Қурбонова,  рӯзноманигор аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg