АНДЕША. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», ки дар назди КИ ҲХДТ фаъолият дорад, бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонони фаъол ва ба рушду такомули Ватан равона сохтани ин нерӯи тавоно созмон дода шудааст.
Ҳадафи меҳварии ташкилоти мо тақвият додани мафкураи худшиносӣ дар ниҳоди насли наврас, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба нерӯи тавонои насли ояндасоз аст. Ба андешаи мо, дар шароити пуртаззоди асри нав танҳо донишу маърифат, худшиносӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим қодир аст, ки ҷавононро аз хатарҳои дидашаванда ва диданашавандаи ҷаҳони муосир эмин дошта, онҳоро ба роҳи дуруст равона намояд.
Зимнан бояд гуфт, ки ибораи «тарзи ҳаёти солим» ба маънои зиёд истифода мешавад, ки умдатарини онҳо «андешаи солим доштан», «хирадпешагӣ», «инсондӯстӣ», «худшиносӣ» ва «обу тоби бадан» мебошад. Ин мафҳумҳо маҳаки асосии адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва суннатҳои аҷдодии моро ташкил медиҳанд ва он дастовардҳои маънавию фарҳангие, ки миллати моро дар тӯли таърих насиб гаштааст, маҳз дар заминаи тарзи ҳаёти солим доштани ниёгонамон ба вуҷуд омадаанд.
Аз тарзи ҳаёти солим дур шудан ва ба ҳаракатҳои ифротиву моҷароҷӯ пайвастани бархе аз насли наврас ҳам аз худношиносӣ сарчашма мегирад. Дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо на танҳо худшинос нестанд, балки ҳатто ба саволи «худшиносӣ чист?» ҷавоб гуфта наметавонанд, яъне ба маънии калимаи «худшиносӣ» сарфаҳм намераванд ва сабаби инро ман дар он мебинам, ки насли наврас аз мутолиаи китоб дур шудаанд.
Фаромӯш набояд кард, ки танҳо ҷавонони воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона, бо тамоми ҳастӣ амнияти Ватани худро ҳифз намуда, ояндаи ободи онро таъмин намоянд.
ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки имрӯз дар ҳайати худ зиёда аз 100 нафар аъзо дошта, пайваста дар андешаи рушди диёру Ватан аст, бо такя ба қувваи бузурги ҷавонони ноҳия талош меварзад, ки минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеш бошад.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо он мақсад дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҷавонон ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд.
Дастовардҳои сиёсии солҳои охири ҷавонони ҲХДТ зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси муаззами ҲХДТ, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.
Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд.
Дар доираи сиёсати ватандӯстона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ барои ғани гардонидани тафаккури маънавии насли ҷавон дар кишвар садҳо муассисаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии замонавию ҳозиразамон бунёд гардида, бо беҳтарин таҷҳизотҳо ва шароити арзанда муҳайё мебошанд. Ҷавононро мебояд аз имкониятҳои мавҷуда васеъ ва самаранок истифода намоянд, зеро даврони ҷавонӣ ба мисли дарёи равон гузарон асту бебозгашт.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ёвон аз соли 2011 дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолият дорад. Беҳтарин ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун имрӯз аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошанд. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамчун як қоноти боэътимоди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар тамоми чорабиниҳои ҳизбӣ, аз қабили Аксияҳои таблиғотию ташфиқотӣ, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва оммавию варзишӣ бо фарогирии ҷавонони ноҳия, нишасту конфронсҳо ва мизи мудаввар, иштироки фаъолона дар сомонаҳои иҷтимоии ҳизбӣ фаъолияти назаррас нишон медиҳад. Баргузории Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!» дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, маркази иҷтимоии рӯзонаи “Умед” ва муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолону маъюбон, «Тозагии соҳил», «Нест бод терроризму экстремизм», «Роғун манбаи нури чароғон», «Ваҳдат пойдевори миллат», «Об манбаи ҳаёт», «Якҷоя ҳал мекунем!», роҳпаймоиҳои идона дар Рӯзи ҷавонон, озмуни «Маҳфил зарифон», конференсияҳо дар мавзуъҳои «Фурӯғи нури Раҳмонӣ», «Нашъамандӣ ва пешгирии он», «Терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад», «Роғун умеди дурахшони Тоҷикистон», «Ҷавонон сангари номусу ном», аёдати солмардон дар арафаи ҷашни Ғалаба бар ҷанги бузурги Ватанӣ, баргузории марафонҳо, давҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, тоза намудани оромгоҳҳо мардуми насронӣ, иштироки фаъолона дар баргузории шанбегиҳои умумиҳизбӣ ва ғайра беҳтарин чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аст, ки зиёда аз 100 нафар ҷавонони ноҳияро фаро гирифтааст.
Ҳамчун раиси намоянлдагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» гуфтаниям, ки:
Бигузор ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд!
Бигузор ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагию бунёдкориҳоро баланд афрохта, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан қадам гузоранд!
Бигузор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизу ягона мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои волои онҳо гарданд!
Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон