БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Бо иштироки мудири шуъба -  Дилноза Шоева  бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” зери унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат” вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Дилноза Шоева қайд намуд, ки қисми асосии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва  саҳми арзандаи онҳо дар инкишоф ва рушди давлатамон назаррас мебошад.

Чунки ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа  маҳсуб меёбанд.

Дар аснои вохӯрӣ аз ҷавонон даъват ба амал овара шуд,  ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”   иштирок намуда, ба ин васила донишу малакаи худро такмил диҳанд ва нуфузу эътибори худ, муассиса ва волидайнро дар назди ҷомеа баланд бардоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg