БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешравии ҷомеа аз қудрати созандаи халқ сарчашма мегирад!

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳамаи ташкилоту муасиссаҳо ва ҷамоатҳову маҳаллаҳои ноҳия оид ба расонидани муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсис додани ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҳаллаҳо, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ вохӯрию мулоқотҳоро амалӣ гардонида истодааст.    

Имрӯз низ дар деҳаи Заркорони  ҷамоати деҳоти М. Вайсови бо кормандони МСД  Заркорон  оид ба  масъалаҳои зикршуда,  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ баромад карда, кормандони МСД- Заркоронро барои аъзо шудан ба ҲХДТ даъват намуд.

Дар натиҷа 13 нафар аризаҳои худро барои аъзо шудан ба кормандони масъули ҳизб пешниҳод намуданд. Чунин вохӯриҳо тибқи нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бомаром идома доранд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg