БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАИ НИЁЗМАНД СОҲИБИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар партави ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди шарифи Рамазон аз ҷониби шахсони саховатпеша як оилаи ниёзманд соҳиби хонаи истиқоматӣ гардид.

Маросими тақдими хонаи  истиқоматии навбунёд бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода ва даигар нафарони расмӣ сурат гирифт.

Аснои тақдими хонаи навбунёд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои наҷибе, ки аз ҷониби нафарони саховатпеша гирифта мешаванд дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ  гардида, нафарони яккаву танҳо пайваста зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат қарор доранд.

Мавриди зикр аст, хонаи истиқоматӣ дар маҳаллаи “Офтобрӯя”- и шаҳр сохта ба истифода дода шуд, ки ин оилаи ниёзманд пештар дар хонае ба сар мебурданд, ки хона дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Хонаи истиқоматии навбунёд аз се ҳуҷра иборат буда, аз ҷониби нафарони саховатпеша бо тамоми шароити замонавӣ ва ашёи рӯзгор, таҷҳизот ва маводи ниёзи аввала таъмин карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg