КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Рӯзи байналмилалиии осорхонаҳо” таҳти унвони “Осорхонаҳо - муаррифгари таъриху фарҳанги гузаштагон” семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам Раҷаб, директорони осорхонаҳои минтақаи Кӯлоб ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози семинар меҳмонон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб ва ҳамчунин, аз намоиши сайёри асарҳои тозаэҷоди рассоми хушсалиқа Дӯст Азизов, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуда буд дидан намуданд.